ТАЪИНОТИ ДОВАРОН ДАР БОЗИИ «АЛ-НАСР» - «ИСТИКЛОЛ»
12.09.2025 16:30
КОНФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ОСИЁ ҲАЙАТИ ДОВАРОНЕРО, КИ ДАР БОЗИИ ДАВРИ АВВАЛИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲИИ ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲОИ КФО МИЁНИ ДАСТАҲОИ «АЛ-НАСР» ВА «ИСТИҚЛОЛ» ТАЪИН ШУДААНД, ЭЪЛОН КАРД.
Довари асосии ин бозӣ довари ФИФА Ко Хюнг Ҷин аз Кореяи Ҷанубӣ хоҳад буд, ки қаблан дар мавсими 2023-2024 вохурии дастаҳоро ҳакамӣ намуда буд.
Ёдовар мешавем, ки вохӯрии даври якуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2025/26 миёни дастаҳои “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ ва “Истиқлол”- и Тоҷикистон рӯзи 17 сентябр дар варзишгоҳи “Ал-Аввал Парк”-и шаҳри Риёз баргузор мегардад. Оғози бозӣ соати 23:15 бо вақти Душанбе.