МАВСИМИ ФУТЗАЛ 2 АВГУСТ ОҒОЗ МЕШАВАД
30.07.2025 17:00
ИМРӮЗ ҚУРЪАКАШИИ ТАҚВИМИ БОЗИҲОИ СУПЕРЛИГАИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ШУД, КИ ДАР ОН 8 ДАСТА ИШТИРОК МЕНАМОЯНД.
Дастаи футзали «Истиқлол» дар даври аввал тими «Амонатбонк»-ро қабул менамояд. Ин вохурӣ санаи 2 август дар маҷмааи «Кохи Олимп» баргузор мешавад. Оғози дидор соати 19:00.