РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ ДАР ДУШАНБЕ БО ШУКӮҲУ ШАҲОМАТ ТАҶЛИЛ ШУД
25.05.2025 13:50
Имрӯз, 25 май дар Варзишгоҳи марказиӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо ибтикори президенти ФФТ Рустам Эмомалӣ ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст, ҷашнвораи бошукӯҳи футбол баргузор гардид.
Дар ин фестивал 700 нафар дӯстдорони футбол ширкат карданд. Ҳадафи асосии чорабинӣ рушди футболи оммавӣ-кӯдакона ва таблиғи тарзи ҳаёти солим мебошад.
Дар ҷашнвораи футбол меҳмонони фахрӣ, аз ҷумла вазирон, сафирони кишварҳои хориҷӣ, собиқадорони футбол ва шахсиятҳои маъруф ширкат доштанд. Ҳузури онҳо эътирофи байналмилалӣ ва аҳамияти ташаббуси Тоҷикистонро дар тарғиби арзишҳои футбол бори дигар тасдиқ кард.
Варзишгоҳи марказии Душанбе 20 ҳазор тамошобинро ҷамъ оварда, ҷашни воқеии футболро инъикос намуд. Барои тамошобинон барномаи фароғатӣ омода карда шуд. Ба бачаҳо диққати махсус зоҳир гардида, барои онҳо бозиҳои шавқовар ташкил карда шуданд.