Ба тоҷикӣ  На русском In English 

«ИСТИҚЛОЛ» - «РЕГАР-ТАДАЗ»: ҶАЛАСАИ ПЕШ АЗ БОЗӢ ДОИР ГАРДИД

24.05.2025 12:30

ИМРӮЗ ҶАЛАСАИ ПЕШ АЗ БОЗӢ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ТАШКИЛИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2025 МИЁНИ ДАСТАҲОИ «ИСТИҚЛОЛ» ВА «РЕГАР-ТАДАЗ» БАРГУЗОР ГАРДИД.

 

Дар ҷаласа бо иштироки комиссари бозӣ, нозири доварон, кормандони Лигаи футболи Тоҷикистон, Федератсияи футболи мамлакат ва  намояндагони «Истиклол»  ва «Регар-ТадАЗ»  масъалаҳои баргузории рақобат  баррасӣ шуд.

Футболбозони «Истиқлол» бо пироҳанҳои сурх ва бозингарони  дастаи «Регар-ТадАЗ» бо либосҳои  сафед ба майдон мебароянд.

Дар сурати мусовӣ анҷом ёфтани вақти асосии бозӣ, ду қисми иловагӣ аз 15 дақиқа таъин карда мешавад. Агар ғолиб боз ҳам муайян нагардад,  бар асоси муқаррароти ФИФА ғолиб бо зарбаҳои 11-метра муайян карда мешавад.

 Ёдовар мешавем, ки бозӣ барои ба даст овардани Суперҷоми Тоҷикистон-2025 миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» фардо, 25май,   дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати  19:00.

https://t.me/fcistiklol2007/31693

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
      
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2025. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj