Ба тоҷикӣ  На русском In English 

ДАР ҶИДДА САММИТИ КФО БАРГУЗОР МЕШАВАД

30.04.2025 14:10

РӮЗҲОИ 2-3 МАЙ ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ САММИТИ КОНФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ОСИЁ БАРГУЗОР МЕШАВАД.

Дар чорабинии дарпешистода намояндагони кишварҳое иштирок мекунанд, ки дастаҳои онҳо дар мусобиқаҳои бошгоҳии КФО - Лигаи Элитаи чемпионҳо, Лигаи чемпионҳо - 2, инчунин Лигаи чемпионҳои бонувони Осиё баромад менамоянд.

Дар доираи саммит иштирокчиен дар бораи тамоюлҳои охир дар ин мусобиқаҳо маълумот пайдо карда, мубодилаи афкор сурат мегирад. Ҳамчунин иштирокчиёни саммит ба бозии финалии Лигаи Элитаи чемпионҳои мавсими 2024/25 даъват шудаанд.

Дастаи «Истиқлол»-ро дар ин ҳамоиши бонуфузи қоравӣ  директори генералии бошгоҳ  Шаҳзод Сулаймонов намояндагӣ мекунад.

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
      
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2025. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj