МУСОВИИ ДУЮМИ «ИСТИҚЛОЛ» ДАР МАВСИМ
26.04.2025 22:50
ДАСТАИ «ИСТИҚЛОЛ» МУСОВИИ ДУЮМИ ХУДРО ДАР МАВСИМИ КУНУНИИ ЛИГАИ ОЛӢ БА ҚАЙД ГИРИФТ.
Дар бозии даври 11-уми чемпионати Тоҷикистон бо тими «Эсхата», ки имрӯз баргузор шуд, ҳисоби мусовии 1:1 ба қайд гирифта шуд. Вохурии ояндаи худро пешсафи ҷадвали Лигаи олӣ санаи 3 май баргузор мекунад. Дар ин рӯз «Истиқлол» дар майдони худ дастаи «Ҳулбук»-ро қабул менамояд.
ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН. ЛИГАИ ОЛӢ
ДАВРИ 11-УМ
«Эсхата» - «Истиқлол» - 1:1
Голҳо: Зоирҷон Турсунов, 49 (1:0). Соҳибҷон Ҳакимов, 51 худгол (1:1).
«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Содиқҷон Қурбонов, Табрез Исломов, Николас Лоуренс, Ҷошуа Акпуҷе, Рустам Камолов (Муҳаммадҷон Раҳимов, 65), Амирбек Ҷурабоев, Ромиш Насруллозода, Алишер Ҷалилов, Ризо Деҳқонӣ, Манучеҳр Ҷалилов.
Беҳтарин бозингари вохурӣ: Амирбек Ҷурабоев («Истиқлол»).
Корти зард: Бахтиёр Зарипов, Абдусамад Самадов, Сардорбек Хурсандов («Эсхата»), Рустам Камолов Алишер Ҷалилов, Ромиш Насруллозода, Содиқҷон Қурбонов («Истиқлол»).
Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав)
Нозири доварон: Равшан Ишматов (Кушониён).
Комиссари бозӣ: Асрор Шораҷабов (Истаравшан).
26 апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 4000 тамошобин.