МУНТАХАБИ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН БА ВАТАН БАРГАШТ!
18.04.2025 00:50
Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон пас аз баромади бомуваффақ дар Ҷоми Осиё-2025 аз Арабистони Саудӣ ба ватан баргашт.
Футболбозони тоҷикро, ки роҳхати Ҷоми ҷаҳонро ба даст оварданд, дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Федератсияи футболи Тоҷикистон, инчунин рӯзноманигорон, мухлисон ва наздикони футболбозон самимона истиқбол гирифтанд.
Қобили зикр аст, ки дар Ҷоми Осиё дар Арабистони Сауди дар ҳайати тими наврасони кишвар 7 нафар бозингарони ҳайати дастаи «Истиқлол»-2 ширкат варзиданд:
Ҳимоятгарон:
Ҳасанбеков Мустафо
Мискиншоев Мубориз
Шоев Аҳмадҷон;
Нимҳимоятгарон:
Одилзода Меҳрубон,
Бобоназаров Парвиз
Бахталиев Рамазон
Ҳамлагар:
Мухаммад Назриев