МУСОВӢ ДАР ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ ДУЮМ
18.01.2025 21:30
ДАР БОЗИИ ДАВРИ 11-УМИ МАРҲИЛАИ ДУЮМИ ЛИГАИ ФУТЗАЛ МИЁНИ ДАСТАҲОИ «ИСТИҚЛОЛ» ВА «СИПАР» ҲИСОБИ МУСОВӢ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД.

Бозии дастаҳо бисёр ҷолиб ва шавқовар ҷараён гирифта бо натиҷаи 5:5 ба поён расид. Бозии ояндаи «Истиқлол» дар доираи Лигаи футзал санаи 25 январ бо дастаи «Пойтахт» баргузор мешавад.
Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал
«Истиқлол» - «Сипар» - 5:5
Голҳо: Рустам Ҳамидов, 1 (1:0).  Хусрав Қаюмов, 9 (1:1).  Эдуардо Агналдо, 10 (1:2).  Иқбол Воситзода, 11 (1:3).  Насратшо Исмоилов, 13 (2:3).  Муҳаммад Шарипов, 22 (3:3). Эдуардо Агналдо, 24 (3:4).  Шавкат Ҳалимов, 32 (4:4). Насратшо Исмоилов, 34 (5:4).  Парвиз Раҳматов, 39 (5:5).
Сардовар: Сафаралӣ Маҳмадизода (Душанбе).
Комиссари бозӣ: Ориф Ҷӯраев (Душанбе).
Беҳтарин бозингари вохурӣ: Эдуардо Агналдо («Сипар»).
18 январ. Душанбе. Маҷмааи варзишии «Кохи Олимп».   
                        
                        





                    




.png)